ПОДОШИ МЕҲМОННАВОЗӢ: САФИРИ САУДӢ БА АСАДУЛЛОВУ ҲАМСАРАШ РОҲХАТТИ ҲАҶ ТУҲФА КАРД

Дафтари матбуоти сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе рӯзи 7 апрели соли 2023 хабар дод, ки ба сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ Асадулло Садриддинов ва ҳамсари ӯ, ки чанд рӯз қабл Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯро барои ифтор ба хонаашон даъват карданд, раводиди Ҳаҷи умра тақдим кардаанд. Як ҳайъати иборат аз сафир, раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон, як журналисти араб ва тарҷумон шоми 28 март, дар роҳи бозгашт баъди тақсими кумакҳои Саудӣ ба сокинони деҳаҳои аз заминларзаи шаби 23 март зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Фатмев писари хурдсоли Асадулло Садриддиновро дида, аз ӯ дар бораи ягон ҷой барои адои намози шом ва рӯзакушоӣ пурсидаанд. Асадулло аз ин хабар ёфта, ҳатто бидуни он ки кӣ будани меҳмононро муайян кунад, ҳамаи онҳоро ба хонааш даъват карда ва барояшон дастурхони ифтор кушодааст. “Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд. Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Арабистони Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки омодааст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад”, - навиштааст дафтари матбуоти сафорати Саудӣ дар иттилоияаш. Ҳамчунин раҳбари сандуқи хайрияи ба номи малик Салмон харҷи сафари Асадулло ва ҳамсараш ба Ҳаҷҷи умраро ба уҳдаи худ гирифтааст.

Смотрите также