VIDEO
Зиндагинома Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ (расман Муҳаммад Шарифович Шукуров, то моҳи майи соли 1992 дар навиштаҳояш Муҳаммадҷон Шукуров имзо мегузошт) бино бар шиноснома 30 октябри соли 1926, аммо дар ҳақиқат моҳи феврали соли 1925 дар Бухоро зода шудааст. Падараш Шарифҷон Махдум Садри Зиё (1865—1932) нависандаи тоҷик буд ки то инқилоби Бухоро (1920) дар баъзе тумон ва вилоятҳои аморати Бухоро қозӣ буда ва пас аз инқилоб чанде дар муассисаҳои Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро (1920—1924), аз ҷумла дар идораи авқоф ва китобхонаи марказӣ кор карда, ва сипас зиндонӣ шуд ва дар зиндон аз дунё гузашт аст. Модараш Мусаббиҳа Шукурова фарзанди Ибодуллоҳ-махдум ва набераи Абулфазли Сирати Балхӣ буда, ки дар Бухоро ба шоирӣ ва фазлу камол шуҳрат доштааст. Шакурӣ пас аз даргузашти модараш дар январи 1933 чанде дар хонаи бародари модараш Ҳабибуллоҳ-махдуми Авҳадии шоир (1900—1937) зиндагӣ дошт ки Садриддини Айнӣ ӯро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926, саҳ. 222—226 ва 597) ёд кардааст. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар тӯли умри пурбаракоти хеш аз худ беш 45 асари илмӣ, пажӯҳишӣ, омӯзгорӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, дарсӣ, услубшиносӣ, матншиносӣ ва фарҳангшиносӣ ба мерос гузоштааст, ки миёни ин ҳама фарҳанги дуҷилдаи «Забони тоҷикӣ» дар ҳамкорӣ бо забоншиносони тоҷик, «Таърихи адабиёти советии тоҷик», «Сарнавишти форси тоҷикии Фароруд», «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ», «Нигоҳе ба адабиёти садаи 20» ҳамчун нигине дар маъхази пурғановати адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ шудаанд. Узви Созмони байнулмилалии кумиссиюни таснифи тамаддун дар Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, академисийуни Фарҳангистони Ирон ва Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ ва нишони «Дӯстии халқҳо» ва намояндаи охирон хонаводаи Қозии Бухорои Шариф, Садри Зиё дар Тоҷикистон, пайвандгари наслҳо ва пуле миёни тамаддунҳо — ин накҳате аз чаманзори гулистони умри бобаракоти Муҳаммадҷон Шакурӣ будаанд. Маълумот аз сомонаи Wikipedia