Чаро Қорӣ Шамшод сароянда нашуд!? #точикистон

Қорӣ Шамшод: Аҳмад Зоҳир ба хотири Тоҷиддин Муҳиддин омада буд!!!    • Қорӣ Шамшод: Аҳмад Зоҳир ба хотири Тоҷидди...   ЧИЛТАН. ХУЧИЛДИЁР. ХИСОР. кисми 1.    • ЧИЛТАН. ХУЧИЛДИЁР. ХИСОР. кисми 1. #таджик...   Дар мусоҳибаи навбатӣ Муҳиддинов Шамшод маъруф ба Қорӣ Шамшод ба суоли "Чаро Қорӣ Шамшод сароянда нашуд? Чаро Қорӣ Шамшод дунболи касби падар нарафт?" посух мегӯяд. Қорӣ Шамшод нақл мекунад, ки чӣ гуна бо тавсия ва талошҳои модари марҳумааш ба донишгоҳ дохил шуда, онро хатм намудааст, қисса мекунад. Инчунин, дар мавриди аз кадом мактаби қориёни маъруф гузаштанаш низ ба бинанда маълумот медиҳад... Тоҷиддин Муҳиддинов ё Тоҷиддин Муҳиддин 2-юми феврали соли 1949 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон ба дунё омада, 10-уми январи соли 1997 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Соли 1979 бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Тоҷиддин Муҳиддин дар мактаби ҳунарии махсус нахондааст, аз баракати истеъдоду заҳматписандӣ ба қуллаи мурод расид. Солҳои 1965-1967 корманди Хонаи маданияти ноҳияи Ҳисор, 1967-1975 сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1975-1992 овозхони ансамбли эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Дилаш гӯё барои сурудан метапид. Садои дилнавоз ва таронаҳои сеҳрангез варо азизи гӯшҳо ва дилҳо гардонданд. Ба эстрадаи тоҷик рангу бӯйи тоза бахшид. «Фироқи ёр», «Шодиён», «Ҷони ширин», «Эй боди бомдодӣ», «Коми дил», «Санам», «Тарки ёрӣ», «Хуморӣ мешавад», «Фалак», «Сухан аз даҳонам афканд», «Республикаи ман», «Баҳори умр», «Модар», «Сухани ошиқ», "Эй санамТоҷиддин Муҳиддинов ва ҳудудан сад суруду тарона аз ӯ ба ёдгор мондааст. Маълумоти мазкур аз сарчашмаи интернетии зерин истифода шудааст:
‪@ubaidulloikaromat‬ ‪@ШАХЛОИНАЧМИДДИН‬ ‪@Tarona_musiq‬ ‪@orzuiso‬ ‪@HisoriShodmon‬ ‪@rahmatpro2172‬ ‪@HISORLIVE‬ ‪@hisorjonmedia4090‬ ‪@HisorJonofficial‬ ‪@НУРТВ-ъ3й‬ ‪@hamdam_tj‬ ‪@БЕХАТВЭФИРХО‬ ‪@hojimirzoofficial‬ ‪@hoji_mirzo‬ ‪@Umedjon03‬

Смотрите также