Мумфаршкунии роҳҳо дар ноҳияи Деваштич идома дорад.

Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва таъмири роҳҳои дохилӣ дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич тадбирҳои ободонӣ вусъат мегирад. Сокинон дар партави сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмиру тармими роҳҳо дар ҳамҷоягӣ заҳмат мекашанд. То ба имрӯз дар ин деҳа 9 километр роҳ пурра мумфарш гардида, дар маҳаллаҳои аҳолинишини 3-юму 5-ум мардум бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ якдилона, дар муҳити дӯстиву ҳамкорӣ корҳои таъмири роҳҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо ва ободонии кӯчаҳоро ба роҳ монданд.

Смотрите также