Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии пахта идома дорад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ шудани пахта таваҷҷуҳи хоса равона шудааст. Дар ноҳия ҳамарӯза аз 10 то 12 ҳазор нафар ҳашарчиён ба пахтачинӣ баромада, саҳми худро дар ғанӣ гардидани хирмани деҳқон мегузоранд. Аз оғози мавсим то ба санаи 16-уми сентябр дар ноҳияи Мастчоҳ наздик 7 ҳазору 176 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 26,2 дарсади нақшаи истеҳсолиро ташкил медиҳад.

Смотрите также