Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар МТМУ № 73

Маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Вазорати маориф ва илм дар амали намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маърифати ҷомеа саҳми бузург мегузорад. Фарогирии саросари наслҳои ҷавону наврас ба мактаб, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарбияи мутахассисони тамоми соҳаҳои истеҳсолот, муассисаҳои таълимию илмӣ ва фарҳангӣ маҳсули заҳмати кормандони соҳаи маориф мебошад. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 73-и ш. Турсунзода 428-нафар толибилм дар ду баст ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Масъулин ба хонандагон ҷиҳати омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими тадбирҳои судманд меандешад.

Смотрите также