#Лоиқ_Шералӣ

Устод Лоиқ Шералӣ аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта, дар баробари навиштани очерку мақолаву эссеҳои проблемавии публитсистӣ ва тарҷумаи бадеӣ, пайваста ба таълифу чопи шеър иштиғол варзида таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои падаронаи устодони шеъри муосири тоҷикӣ Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар ба воя расидааст. Аввалин гулчини ашъораш «Сари сабз» соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ ва фотаҳаи неки Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш унвонии нашриёти «Ирфон» овардааст: «Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст». Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил (ба хати ниёкон, 1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Ману дарё» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, 1994), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1995), «Фарёди бефарёдрас» (1997, 2003), «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 2000), «Куллиёт» (2001, 2008), «Ангораҳо» (2001), «Мунтахаби ашъор» (2004), «Девони дил» (2007), «Девони пирӣ» (2008), «Девони замон» (2011), «Саду як ғазал» (2013), «Илҳом аз «Шоҳнома» (2014) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд. Истеъдоди фитриву зотии устод Лоиқ аз шеъре ба шеъре, аз силсилае то силсилае, аз маҷмӯае то маҷмӯае сайқалу такмил ва ҷилои тоза пайдо карда, шеъри садаи бистуми тоҷикро гардишу тобиши наве бахшида, раҳнамойӣ, таъсирбахшӣ ва зимомдорӣ кардааст. Офаридаҳояш мамлуву маъҷуни беҳин дастовардаҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, эҷодиёти ғановатманди шифоҳию гӯйишҳои сараи мардумӣ ва адабиёти пешқадами ҷаҳон буда, барои пайдоиш ва густариши сабки хосу мактаби қавии шоирии ӯ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Шеъри ҷаззоби ӯ шеъри ҳамзамони тоҷикро бо шеъри ноби ҳазорсола пайванди ҷовидона бахшид. Забони маснӯъ ва тарҷумазадаро аз маснади хеш фурӯ нишонда, забони бою пурғановат ва равону поки дариро ҷойгузинаш кард, сабки хуросонии Рӯдакию Фирдавсиро ҷилою тавонмандии дигаре бахшид. Рӯҳу ғурури шоистаи миллӣ ва эҳсоси волои ватанҳоҳию башардӯстии бузургони миллатро дар замону заминаи наве рангу ҷило ва парвози бештаре ато фармуд. Мақолаву гузоришоти ӯ дар боби таҷлилу тамҷиди Ватану забони модарӣ, посдошти таъриху фарҳанги миллӣ, манзалати волои шеъру шоирӣ, падидаҳои нодири адабӣ, истилоҳу вожасозии навин ва ғ. дар болобурди савияи худшиносии миллӣ ва рушду камоли забони модарӣ саҳми беназире гузоштаанд.

Смотрите также