МУНОЗИРАИ АТОВУЛЛОЕВ БО КАБИРӢ

#эрон #кирмон #тоҷикистон КУШТОР ДАР ЭРОН Чанд рӯз пеш дар шаҳри Кирмон дар натиҷаи як амалиёти теруристӣ беш аз 300 нафар одамони бегуноҳ кушта ва захмӣ шуданд. Мувофиқи баёнияи Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон «тарроҳ ва пуштибони аслии амалиёти ҷинояткоронаи Кирмон, фарде тоҷикистонӣ ба номи мустаъори Абдуллоҳи Тоҷикӣ будааст». Ду нафари онҳое, ки худро дар байни издиҳоми одамон таркониданд низ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ҳамаи онҳо узви гурӯҳи таҳрибкори ДОЪИШ - Давлати исломиянд. Интиҳориҳо, худкушҳо - камикадзеҳои тоҷик дар Сурия, Ироқ, дар сафи ДОЪИШ (Давлати Исломӣ) аз ҳама миллатҳои дигар бештар буданд. Худкушҳои тоҷик пасон рӯ ба Аврупо оварданд. Дар Олмон, Утриш, Белжик бахше аз онҳо боздошт шуданд. Дар Русия ҳам чанд бор пешмаргаҳои тоҷикро дастгир карданд. Бадбахтона агар то имрӯз миллати тоҷикро чун наркобарон ва Равшану Ҷамшуд мешинохтанд, ҳоло чун теруристу интиҳорӣ мешиносанд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати бехирадона ва мудирияти ноқоболинаи ҳукумати имрӯза аст, ки оқибат худаш сари худашро мехурад. Телефон, вотсап ва телеграмм барои тамос: +491782069875 Ба шумо кафолат медиҳем, ки тамоми мукотиба ва гуфтугӯҳо ҳеч гоҳ бе иҷозати шумо расонаӣ нахоҳанд шуд. Дар 30 соли мубориза ҳатто як бор ҳам рози касе аз ҷониби роҳбарияти «Ватандор» ошкор нашудааст. Бо мо бошед! Ҳама бо ҳам Тоҷикистони навро месозем! Тоҷикистони озод, обод ва осоишта! Тоҷикистоне, ки дар он ҳама дар назди ҚОНУН баробаранд! Худо ба ҳамроҳ! То дидор дар Душанбе! Д. А.

Смотрите также