VIDEO
Ахбори Точикистон / Новости - 09.09.2019 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба кор даровардани агрегати дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳи барқи обии “Роғун” мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид. Ин чорабинии муҳимро беш аз 140 нафар рӯзноманигори дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шинос шуданд. АМИТ «Ховар» ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ Telegram: ★ WhatsApp: ★ WebSite: #Tajikistan #Dushanbe #Rogun2019