Ахбори Точикистон Имруз - 28.06.2024 | novosti tajikistana

28 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст. ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: Не забываем подписаться на канал, а если понравилось - поставить Лайк

Смотрите также