Сайт использует сервис веб-аналитики Яндекс Метрика с помощью технологии «cookie». Пользуясь сайтом, вы даете согласие на использование данной технологии.
Ганҷи Хирад – Китобхонаи миллии Тоҷикистон / Ganji Khirad National Library of Tajikistan
Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» — аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна бо ошхона иборат аст. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011 № 1093 таъсис дода шудааст. Не забываем подписаться на канал, а если понравилось - поставить Лайк