ШАБНАМ ДАР БОРАИ БАХРОМ ЧИ ГУФТ//САРОЯНДАХО ДАР БОРАИ БАХРОМ ГАФУРИ

Матни видео аз сомонаи "Оила" гирифта шудааст
-Рӯзи Ҷумъа сарояндаи шинохта, маҳбуб ва хушсадову хушсимои саҳнаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар наздикии ДДОТ ба садамаи автомобилӣ дучор гашта, ҷон ба ҷонофарин супурд. Баҳром Ғафурӣ ҳамагӣ 44 сол умр дошт. Ӯ зода ва истиқоматкунандаи маҳҳали Мавлонои н. Рӯдакӣ мебошад. Аз ӯ ду писар, ки яке донишҷӯ бо номи Анушервон ва дигаре Эҳсони 17 - сола нишона монданд. Дар рӯзи марги Баҳром натанҳо оилаи ӯ, балки тамоми ҳамватанонаш мотам доштанд. Қариб ҳамаи шабакаҳои интернетӣ аз ғаму андӯҳи фавти Ғафурӣ метаркид. Хоҳ ба Фейсбук, хой Инстаграм, хоҳ Одноклассники ва хоҳ Тик-ток медарӣ, то ҳол ҳам акси хотиравии Баҳром бо “смайлик”-и гиря дар тамоми “лента”-ҳо дида мешавад.

Смотрите также