Азоби бефарзандӣ ва рӯҳи муборизи Гулчеҳра

Гулчеҳра Фозиловаро дар олами журналистикаи тоҷик ҳамчун “Модари матбуот” мешиносанд, зеро ин зани меҳнатқарин сарашро дар ҳамин соҳа сафед кардааст. Апаи Гулчеҳра собиқаи 53-солаи корӣ дошта, фаъолияташро дар матбуот ҳанӯз замони донишҷӯӣ аз газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” (Ҷавонони Тоҷикистон) ба ҳайси хаткашон оғоз намудааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аксари нашрияҳои кишвар бар асари хунрезию бесарусомониҳо фаъолияти худро қатъ намуданд ва Гулчеҳра низ бе кор монда, маҷбур шуд ба хотири қути лоямут ба бозор барояд. Гулчеҳраю шавҳараш ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шуданд ва зиндагии ширине доштанд, аммо худованд ба онҳо фарзанд надод. Билохира, баъди 13 соли интизориҳои беҳосил онҳо бо дили хунчакон аз ҳам ҷудо шуданд. Гулчеҳра дигар шавҳар накарда, бачаҳои ятиммондаи бародарашро ба фарзандӣ қабул намуд ва ҳаёти минбаъдаи худро ба онҳо бахшид. Имрӯз ин зани меҳрубон соҳиби набераҳои дӯстрӯяк буда, аз он меболад, ки аз шикастҳои пай дар пайи зиндагӣ навмед нашуда, бар рағми сарнавишт мубориза бурд ва сари ятимонро сила намуда, билохира аз чашидани лаззати эҳсоси ширини модар ва бибӣ будан баҳравар гашт. Соли 2020 заҳматҳои беш аз нимасраи Гулчеҳра Фозиловаро ба назар гирифта Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар рӯзи “Матбуоти Тоҷик” ӯро бо ҷоизаи Лоҳутӣ сарфароз гардонд. Сайф Достиев, сармуҳаррири ҳафтаномаи СССР бошад, дар ҷашни 14 солагии ҳафтанома Фозиловаро барои саҳми бориз дар рушди матбуот бо Ифтихорнома қадрдонӣ намуд. Ин ҷоизаҳо ба осонӣ ба апаи Гулчеҳра даст надодаанд. Биёед беҳтараш достони зиндагии ин “модари матбути тоҷик”-ро аз забони худаш бишнавем. Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст, "Оила" барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

Смотрите также