Аз 13 то 15-уми ноябр Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» баргузор мегардад.

Аз 13 то 15-уми ноябри соли 2025 Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» баргузор мегардад. Тавре Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳадафи асосии ин намоишгоҳ муттаҳид сохтани истеҳсолкунандагон, ширкатҳои гуногун ва муассисаҳои соҳаи хизматрасонӣ дар як майдон мебошад. Ширкатҳо метавонанд маҳсулот ва хизматрасониҳои худро пешниҳод намоянд. Инчунин, иштироки онҳо дар ин намоишгоҳ имконияти барқарор намудани робитаҳои нав ва васеъ гардонидани фаъолияти иқтисодии хориҷии худро фароҳам меоварад.

Смотрите также