Ахбори Точикистон Имруз - 15.08.2024 | novosti tajikistana

Иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни сайри осорхонавӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон. Меҳмонон ҳангоми тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Дар анҷом иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз истиқболи самимӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навиштанд. Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 14-16 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, имконияти васеъро барои табодули таҷриба, барқарор намудани робитаҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар роҳи тақвияти ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон фароҳам меорад.

Смотрите также