ҶАНОЗАИ ХУШДОМАНИ ПРЕЗИДЕНТРО ДАР ҶАМОАТИ ЧАПАЕВ БА ХОК СУПУРДАНД

Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи 6 июл дар ҷамоати Наврӯз (собиқ Чапаев)-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супорида шуд. Ба гуфтаи шоҳидон дар маросими намози ҷанозаи ӯ, ки соати 7:30 дар масҷиди Чапаев доир шуд, ҳудуди 7 ҳазор нафар иштирок дошта, ҷанозаро Саидмукаррами Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон имоматӣ кардааст ва такбирро Мавлавӣ Саъдиддин хондааст. Муфтӣ дар суханрониаш ёдовар шудааст, ки соли 2011 Ӯзбекбӣ Асадуллоева сафари Ҳаҷ карда буд ва дар Маккаву Мадина ҳар куҷое ки ӯро медиданд, ҳамеша даст ба дуо буд. Шоҳидон мегӯянд, дар намози ҷаноза рӯҳониёни маъруфе чун Эшони Саидҷон, Мавлавӣ Саъдиддин, Эшони Муқтадӣ бо бародараш Эшони Комилхӯҷа иштирок доштанд. Шоҳидон мегӯянд, Ҳоҷӣ Раҳматулло, писари калонии Ӯзбекбӣ Асадуллоева, ва писари дигари ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси Ориёнбонк, ва ҳамчунин Исмоили Муҳаммадзоир, абераашро дар маросими намози ҷаноза дар масҷид дидаанд. Як ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ба шуниди онҳо, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ барои видоъ бо бибиаш ба Чапаев омадааст, вале ӯ дар масҷид набуд. Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми 5 июл, дар синни 88 аз олам чашм пӯшид. Ӯ як ҳафтаи охир дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” дар Душанбе таҳти табобат қарор дошт. Дар бораи иллати марги Ӯзбекбӣ Асадуллоева маълумоти расмие нашр нашудааст, вале як рӯз пеш як табиби “клиникаи Мансуров” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки хушдомани президентро бо аломатҳои коронавирус дар инҷо бистарӣ кардаанд ва ӯ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад. Ӯзбекбӣ Асадуллоева 8 фарзанд: 2 духтар ва 6 писар дошт.

Смотрите также