VIDEO
Бо шарбати зиёд ва таъми лазиз - қулфинай яке аз полезиҳои маҳбуби Тоҷикистон аст, ки бо афзудани талабот истеҳсоли он ба ҳазорон тонна расида, манбаи даромади хуби оилаҳои зиёде шудааст. Онро асосан дар Хатлон парвариш мекунанд. Ҳосили фаровон ва даромади хуб дорад. Мардум ҳато дар заминҳои наздиҳавлигӣ онро парвариш мекунаду мефурӯшад. Нозукиҳои парвариши қулфинай дар шароити Тоҷикистон дар чист? Чӣ қадар мешавад даромад гирифт? Дар гузориши мо бубинед. Шарики расмии лоиҳа Гурӯҳи ширкатҳои "Нексигол" аст, ки зиёда аз 15 сол дар соҳаи кишоварзӣ хизмат мерасонад. Аз ҷумла, хизматрасонии машваратӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ ва фармоиши маводҳои кишоварзию иҷораи техника.