Бозсозии Диж ё Қалъае, ки таърихи 3 ҳазорсола дорад

Дар шаҳри Хуҷанд Диж ё Қалъаеро бозсозӣ доранд, ки таърихи 3 ҳазорсола дорад. Корҳои сохтмонии ин иншоот тақрибан 6 сол боз идома дорад ва қарор аст рӯзҳои наздик бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Дар гузашта Қалъаи Хуҷанд ҳарчанд мавзеъи таърихию фарҳангӣ шинохта мешуд, вале чандин соли охир дар ҳудуди он қисми низомиеро таъсис дода буданд. Ҳоло мақомоти вилояти Суғд ният дорад онро дар намунаи яке аз беҳтарин ҷойи сайёҳию ҳунармандӣ ба маърази ом пешкаш намояд. Озодӣ дар Твиттер:   / radioiozodi   Озодӣ дар Фейсбук:   / radio.ozodi   Озодӣ дар Инстаграм:   / radioiozodi  

Смотрите также