Ободонӣ ва фаъол намудани шаҳраки нави саноатӣ дар Душанбе 20.10.2025

20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд. Бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта шуд, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба наздики 1200 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд. Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст. Санги асоси ин 3 корхона ва шаҳраки саноатӣ низ, ки дар муҳлати начандон зиёд ба кор омода шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд. Се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд. Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод. Аз 3 корхонаи фаъолшуда якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ барои тавлиди сафолаку кошинҳо ва серанит омода шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронида мебошад. Иқтидори истеҳсоли сафолаку кошин ва серанит дар корхона дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 3 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ серанит мебошад. Тавре зикр гардид, ҳоло ҳамасола беш аз 10 миллион метри мураббаъ сафолаку кошин ва серанит ба Тоҷикистон аз беруни кишвар ворид мешавад ва акнун зиёда аз 65 дар сади талаботи кишвар ба ин маҳсулот дар ҳамин як корхона қонеъ карда мешавад. Дар корхонаи сафолаку кошин ва серанит, ки маҳсулоташ бо тарҳу намои гуногун ва нақшу нигори миллию ҷаҳонӣ ороиш дода мешавад, аз 11 намуд ашёи хом истифода мегардад, ки ҳама аз дохили кишвар бо харҷи нисбатан кам дастрас мешавад ва ин омил боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулот ва арзон шудани нархи он дар бозор мегардад. Корхонаи мазкур бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизот ва техникаи муосири истеҳсолии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгуй маҷаҳҳаз гардонида шуда, дар тамоми хатти истеҳсолот технологияи муосири рақамӣ истифода мешавад. Арзиши сохтмону омодасозии танҳо ҳамин корхона 500 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корхона ташхисгоҳи худро дорад, ки дар он, аз ҷумла 40 зану духтар бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта сифати ҳам ашёи хом ва ҳам маҳсулоти тайёр ва мутобиқати онро ба талаботи стандартӣ санҷиш мекунанд. Дар ин ташхисгоҳ, ҳамчунин, имкон аст, ки тамоми маъданҳои кӯҳии дигар низ санҷида шаванд. Корхонаи дуюм, ки ба кор дароварда шуд, ба истеҳсоли хишти сабук (газоблок) нигаронда шуда, бо харҷи 150 миллион сомонӣ омода шудааст. Хишти сабуки корхона пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, аз хишти маъмулӣ се маротиба сабуктар аст ва ҳамчунин, садо ва гармию сардиро намегузаронад. Ба сифати ашёи хом дар истеҳсоли хишти сабук асосан оҳак истифода мешавад. Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ворид гардида, маҳсулоташ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй аст. Ин намуд хишти сабук низ ивазкунандаи воридот аст ва оянда ба содирот ҳам равона хоҳад шуд. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона баробар ба 250 ҳазор метри мукааб хишти сабук аст, ки беш аз 30% талаботи шаҳри Душанберо қонеъ менамояд. Хишти сабуки ин корхона дар оташ намесӯзад, гармию хунукиро намегузаронад ва арзиши аслиаш паст ва нархи фурушаш ҳам нисбатан арзону дастрас аст. Корхонаи сеюм, ки дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд ёфтааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Корхона бо харҷи 100 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он 80 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Истеҳсоли оҳак ба таври экологӣ ва безарар ба роҳ монда шуда, он дар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар бахши металлургия ва ҳам дар истеҳсоли хишти сабуки сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Маҳсулоти ҳарсе корхонаи фаъолшуда ивазкунандаи воридот, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва ҳам нисбат ба нархҳои имрӯзаи бозор арзон аст. Аз ин хотир, соҳибкорону истифодабарандагони маҳсулот метавонанд ба ин ширкатҳои ватанӣ муроҷиат намоянд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #Сантайлс #Suntiles

Смотрите также