Дар вилояти Суғд нақшаи таъмиру таҷдиди роҳҳо 118 % таъмин гардид.

Мувофиқи нақша соли равон дар вилоят бояд дар масофаи 2146 км роҳ ба таъмир фаро гирифта шавад. То ин марҳила нақшаи пешбинигардида, 2538 км иҷро гардидааст, ки ин 118,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти фаврӣ оид ба рафти таъмини иҷрои нақшаи таъмири роҳҳои автомобилгард дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то санаи 25 октябр аллакай 10 шаҳру навоҳӣ уҳдадории худро таъмин намудаанд. Дар ин маъракаи муҳим ноҳияи Ҷ. Расулов ва шаҳри Конибодом дар сафи пеш қарор доранд, ки нақшаи пешбинишударо мунтаносибан 235 ва 160 фоиз таъмин кардаанд.

Смотрите также