VIDEO 		
				
				
				
	
	
	Хонаи сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд дар солҳои гуногун борҳо бо хатари нобудӣ рӯбарӯ гаштааст. Ҳанӯз соли 1964 мехостанд, онро вайрон дар ҷояш биноҳои бисёрошёна бунёд кунанд. Вале бо ҷонбозии рушанфикрони Самарқанд, дар ҳоле ки булдозер дар паси дарвозаи ин ҳавлӣ омодаи рӯфтани пайи қадамҳои Айнӣ буд, раҳбари вақти Узбекистон Шароф Рашидов, ки низ худро шогирди Айнӣ медонист, наҷот ёфт ва ба осорхона табдил дода шуд. Бо вуҷуди ин дертар чанд бори дигар талош шуд, онро вайрон кунанд. Бори охир дар соли 2009 дар айни сардии равобити Тоҷикистону Узбекистон бо баҳонаи бозсозӣ тасмим гирифта шуд, осорхона барҳам дода шавад. Боз ҳам талошҳои фидкоронаи зиёиёни Самарқанд онро наҷот дод. Устод Садриддин Айнӣ аз соли 1923 то охирҳои умри худ дар ин хона зиста, беҳтарин осорашро ин ҷо иншо кардааст.