VIDEO
Деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ – маконе, ки модар ва се фарзанди ноболиғи ӯ кушта шуданд. Ҳодиса шаби 5 ба 6-уми сентябр дар ин хона рух додааст. Ҳамсояҳо ҷасадҳоро пас аз ду рӯз пайдо кардаанд. Шаҳло Назарова 44 сол доштааст, фарзандонаш Ҳабиба 17-сола, Ҳамида 15-сола ва Шараф 12-сола будаанд. Ҳоло хонае, ки куштор рух додааст, аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ иҳота шудааст ва дар ин деҳа чораҳои амнияти тақвият ёфтааст. Пас аз ин ҳодиса, сокинони Дарёобод осоишро аз даст додаанд ва бо тарсу изтироз зиндагӣ доранд. Кӯчаҳо холӣ ва дару тирезаҳо маҳкам. Бисёре аз оилаҳо барои ҳифзи ҷони худ дар як хона ҷамъ мешаванд. Аҳли деҳа ва ҳамсояҳо дар бораи қазияи куштор боэҳтиёт гап мезананд. Пас аз ин ҳодиса, ҳамдеҳаи қурбониён Маҳмадӣ Валиев, ки дар НБО Роғун кор мекард, рухсатӣ баромадаву ба деҳааш баргаштааст, то канори хонаводааш бошад. Ҳамида, яке аз духтарони кушташуда, хонандаи синфи 8-уми ин мактаб буд. Роҳбари мактаб ва дигар омӯзгорон, баъди таъкиди мақомот, дар бораи хонандаи марҳум чизе намегӯянд. Танҳо як омӯзгор гуфт, ки Ҳамида агарчи аълохон набуд, аммо бо устодону ҳамсинфонаш муомилаи хуш дошт. Ба қавли ҳамсояҳо, Ҳалим Иброҳимов, шавҳари Шаҳло, ки моҳи март ба Русия барои кор рафта буд, рӯзҳои 6 ва 7-уми сентябр бо оилааш тамос гирифта наметавонад. Падари оила ба ҳамсоя занг зада, хоҳиш мекунад, ки ба хона рафта, аз ҳоли зану фарзандонаш хабар гирад. Рӯзи 8-уми сентябр ҳамсояҳо ҷасади ин оиларо дарёфта, ба полис хабар медиҳанд. Ҳалим Иброҳимов ба ватан баргаштааст. Ҷасадҳоро рӯзи 9-уми сентябр дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод, макони зисти пешини ин хонавода ба хок супоридаанд. Мақомот то ҳол дар бораи ин куштор расман маълумот надодаанд. Намояндаи ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, ки тафтишот идома дорад ва ба хотири халал ворид накардан ба кори тафтишот, наметавонад маълумоти бештар диҳад. Аммо аз сокинон хостаанд, ки эҳтиёткор бошанд, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва дар сурати мушоҳидаи шахсони шубҳанок, ба онҳо хабар диҳанд. Веб-сайт: Facebook: / asiaplustj Instagram: / asiaplustj #точикистон #asiaplus #таджикистан #куштор #катл #рудаки #нохия #новости #мехрофарин #news #гузориш #навор #репортаж