Ташкили филми тасвирӣ дар Хона- интернати №2-и ш.Душанбе

Дар арафаи таҷлили ҳафтумин солгарди Фонди хайриявии «Музаффар» дар мактаб- интернати №2-и шаҳри Душанбе намоиши филми тасвирӣ ташкил карда шуд. Баробари ин ба тарбиятгирандагони ин муассиса аз ҷониби Фонд тўҳфаҳо тақдим гардид. Муҳимаш ҳамкорони мо лаҳзаҳои нотакрори пур аз меҳру муҳаббатро бо бачаҳо ҳисса карда, дилҳояшонро бо суҳбату бозӣ шод карданд. Маҳз бо ташаббус ва иқдому амалҳои Фонди хайриявии «Музаффар» давоми ин солҳо дар саросари кишварамон садҳо лоиҳаҳое, ки ба ҳалли мушкилоти мардум нигаронда шудаанд, амалӣ карда мешаванд. Бовар дорем, ки Фонди мо минбаъд низ бо иқдомҳои наҷибу амалҳои хайрхоҳона дар дилу дидаи мардум ҳамчун фонди мушкилкушо маскан мегирад. Солгарди Фонди хайриявии «Музаффар» ба ҳамаи дустон муборак!

Смотрите также