VIDEO
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ду нафар шаҳрвандони Афғонистон тақрибан 15 кг моддаи психотропии навъи метамфетаминро, ки мехостанд онро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол диҳанд, бозёфт ва мусодира намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ. Тавре дар иттилоия омадааст, кормандони Агентӣ маълумоти фаврӣ гирифтанд, ки як гурӯҳи ҷиноятии машғул ба муомилоти ғайриқонуни маводи нашъаовар ният дорад маводи нашъаоварро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол диҳад. «Барои ҷилавгирӣ аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони Агентӣ қарор қабул шуд, ки нашъаҷалобонро бо далели шайъӣ дастгир намоянд. Ҳамин тавр, 7 ноябр зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Ҷайҳун — Панҷи поён, ҳудуди деҳаи Шоликорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Агентӣ ду нафар зода ва истиқоматкунандагони вулусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин валади Боймад ва Маҳмадсахӣ валади Холмуҳаммад бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир гардиданд», — хабар доданд аз Агентӣ.