VIDEO
Шоҳзода Карим Оғохони IV-ум шоми рӯзи гузашта, 4-уми феврал дар синни 88 солагӣ дар шаҳри Лиссабони Портулагия аз олам даргузашт. Ӯ 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон буд ва 68 сол дар курсии имоматӣ нишаст. Дар Тоҷикистон низ яке аз бузургтарин ҷомеаи исмоилия зиндагӣ мекунанд. Девони имомати исмоилӣ хабар додааст, ки рӯҳонии ояндаи онҳо аллакай таъин шудааст ва номи ӯ пас аз видоъ бо Оқохони 4 дар рӯзҳои наздик эълом мешавад. Оғохони 4-ум 13-уми декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омада, даврони кӯдакияш дар Кения сипарӣ шудааст. Оғохони чорум дар солҳои 1990-ум мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз гуруснагӣ наҷот дода, кӯмакҳои ғизоӣ расонд. Бори аввал бо пайравони худ дар Тоҷикистон 25-уми майи соли 1995 мулоқот кард. Аъзои ҷомеаи исмоилия барои аввалин бор имкони дидани имомро доштанд ва аз ҳамон сол ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Нур таҷлил мегардад. #Огохон #точикистон #Бадахшон #Помир #исмоилия #хабар #Оғохон #Тоҷикистон #yourtj @YourTJ