Ҳукми қотилони бонкдори тоҷикро эълон карданд

Додгоҳи олии Тоҷикистон панҷ касро барои рабудан ва куштани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк” ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин ҳукм, ки ивазкунандаи ҳукми қатл аст, рӯзи 18-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе содир шудааст. Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, ки тобистони соли гузашта сурат гирифт, як ҳодисаи пурсарусадо дар ҷомеа буд. #ozodivideo #радиои_озоди #tajikistannews #душанбе #tajikistan #khabar #шарманда #corruption

Смотрите также