РЕЙДИ БДА - АМАЛИЁТИ СУРЪАТИ ХАРАКАТ. МОШИНОИ ГАРОН

Аз таҳлили кормандони бозраси давлатии автомобилии вилояти Хатлон бармеояд, ки давоми чор моҳи аввали соли равон бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ 128 ҳодисаи садмавии роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 78 нафар ба ҳалокат расида 146 нафар бо бардоштани ҷарроҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Бо назардошти чунин вазъ бо мақсади боло бардоштани маърифати шаҳрдорӣ ва риоя гардидани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳти унвони “Суръат” дар ҳудуди роҳҳои вилоят аз санаи 5 ум то 15 майи соли равон баргузории амалиёт ба нақша гирифта шудааст

Смотрите также