Ба шаш соли зиндон маҳкум шудани домулло Абдулҳаннон Маннонов, ки бо дашному ҳақорат, ҷашни арӯсии бародарзодаашро вайрон кард, дигарбора баҳсро дар бораи рафтори ӯ ва ҳукми зиндонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Додгоҳи Хатлон домулло аз ноҳияи Кӯшониёнро ба тамошову паҳн кардани наворҳои Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифи давлат гунаҳкор донистааст. Паймони мазкур, ки ҳаргуна иддао дар бораи ифротгароиро рад мекунад, дар кишвар созмони тундрав ва мамнуъ эълон шудааст. Салом бинандаи арҷманд. Суҳбати имрӯза дар бораи рафтори Домулло Абдулҳаннон аст ва меҳмонони мо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили ифротгароӣ ва Амруллоҳи Низом, хабарнигори муқими Аврупо, ки дар бораи масоили динӣ ҳам менависад.