Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияи Роштқалъа баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии сарзамини аҷдодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ғайр аз ин, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумат дар доираи лоиҳаҳои амалигардида ба самти сохтмону муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, дастрас гардонидану баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, нигоҳдории роҳҳо, бо барқ таъмин намудани деҳаҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ равона шудааст. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон амалӣ гардида истодааст. Сарвари давлат дар робита ва вазъи мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин ҷалб намуданд. Зарур шумурда шуд, ки роҳбарону мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ идома дода, аз шароити беҳтарине, ки дар ноҳия вуҷуд дорад, аз ҷумла обу замин самараноку оқилона истифода баранд. Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар ноҳия роҳбарияти вилоят ва масъулини ин бахшҳо барои ислоҳи камбудиҳо аз Сарвари давлат супоришҳои мушаххас гирифтанд. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду таҷдиди 206 иншооти гуногун ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарият, соҳибкорон ва аҳолии ватандӯсти ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти боқимондаро таъмин месозанд. Дар интиҳои суханронӣ Пешвои миллат барои татбиқи ҳадафу нақшаҳои неку созанда ба сокинони ватандӯсту сарбаланди ноҳияи Роштқалъа барори кору сарфарозӣ орзу намуданд. Тоҷикистон хонаи ҳар яки мост Ахбор, Новости, News Таджикистана таджики Таджики АХБОРИ ТОҶИКИСТОН Ахбори Тоҷикистон Ахбори имрӯзи Тоҷикистон Ахбори имрӯз дар Тоҷикистон Хабарҳои Тоҷикистон Итилоот, Навид, Хабар Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон Тоҷикистон ва ҷаҳон Имрӯзи Ҷаҳон. Ахбори Хатлон Ахбори Суғд. Ахбори Бадахшон Ахбори Душанбе. Ахбори НТМ Новости Таджикистана ТВТ Новости СНГ. НОВОСТИ Таджикистана Новости Мира. Новости 24 Новости События Дня. Настоящее Время СНГ ТВ 24. СНГ ТВ. СНГ Сегодня Таджикистан Душанбе Азия Срочный Новости Утренний новости Границы Ворух, Панҷ, Хоруғ Рӯшон Шуғнон Суғд Ахбори имрӯзи Тоҷикистон Ахбори имрӯз Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон Ахбори Ӯзбекистон Самарқанд Хабарҳои имрӯзаи Тоҷикистон Хабарҳо аз ҷараёни сафари корӣ Новости Таджикистана Новости Узбекистана Самарканд Новости СНГ Новости Мира Новости Душанбе Новости Россия Новости Дня Новости Мигранты Новости Бадахшон Новости Хатлон Новости Согд Новости Душанбе Новости Ворух События дня СНГ Asia Азия European Russian Новости Ахбор Хабар Навид Иттилоот Иттилоъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон President Republic of Tajikistan Mr. Emomali Rahmon Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон #Хабар #Тоҷикистон #Ахбор #Душанбе #Новости #Таджикистан #bbc #Таджики #Точики #Точик #Россия #Украина #Беларусь #Президент #Мир #radio #Сегодня #Tajikistan #Dushanbe #News #Europa #tojikiston #asia #uzbekistan #Эмигранты #Россия #iran #politics #trending #russia #most #moscow #Akhbor #срочно #tojik #Navid #official #television #АхбориТоҷикистонваҷаҳон #СНГ24 #Муҳоҷир #Сарҳад #Исфара #Бадахшон #Суғд #Русия #Узбекистон #НОВОСТИ #Бухоро #Самарканд #Ворух #Хоруғ #Хатлон #Бадахшан #Fyp #fypシ #Душнабе #Таджикистан #Новости #ТВ #Сегодня #СНГ #Мир #Россия #Мигранты #Russian #Tajikistan #Tajik #WORLD #Тоҷикистон #Ворух #БобоҷонҒафуров #Сарҳад #Бадахшон #Хоруғ #Хатлон #Муҳоҷир #Границы #Овчиқалъача #ОШ #Муҳоҷир #Радио #Телевизион #tajikistan #dushanbe #таджикистан #душанбе #khujand #худжанд #pamir #tajik #centralasia #tjk #uzbekistan #точикистон #travel #pamirhighway #узбекистан #kulob #love #кулоб #mountains #памир #isfara #tashkent #истаравшан #samarkand #исфара #nature #travelphotography #russia #asia #beautiful #Tajik #Tajiks #Tojikiston

Смотрите также