АМИРШОҲӢ: “ҚУДРАТИ МО ДАР ЗАБОН ВА КИТОБ АСТ! ВАССАЛОМ!”

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. Маҳз дар ҳамин ному насаб вожаҳое, ба монанди пажўҳанда, дақиқкор, дақиқназар, соҳибназар, қомуснигор, хатхон, мўшикоф, кунҷков, боинсоф, боадолат, сабур, девкор, шахсият, ва ҳамадон сидқ меёбад. Ин вожаҳои ситоишӣ дар баробари номи ин марди ҳақиқатҷў таърифу тавсифи ҳавоӣ нестанд. Ў аз соли 2012 ин сў сарварии Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистонро бар дўш дошта бошад ҳам, аммо ҷараёни кору таҳқиқу омўзишаш аз оғоз то ҳол талош, ғайрат, ҷасорат ва ҳақиқатпарастӣ будааст. Вақте ҳар бомдод ронанда ўро то ба дари коргоҳаш меоварад ва ў бо ҷони озордида ва тани ранҷур аз сабукрав поён мешавад, гумон мекунед, ки заррае ҳолу ҳавои кори сабррабои илмиву таҳқиқиро надорад, аммо вақте ба дафтари корӣ ворид мешавад, ҳамроҳи як тан як рўҳи бузурги ҳақиқат дар фазо пар мезанад. Дар ҳуҷраи кории ў нафаси таърихро метавон бишнид. Он ҷо ҳазорон девон, китоб, рисола, дастхат, коғазҳои парокандаву зарду корхўрда, қаламу худкорҳои бешумор, далелҳои раднопазир, сарчашмаҳои каснодид, осори қаламзада, варақҳои сапеду сиёҳ, тафсирҳо, таъбирҳо ва пажўҳишҳои асрҳои мозӣ овоз медиҳанд. Дару девори ин дафтари корӣ агар забон доштанд, аз худфарсоиву ранҷҳои ин марди наҷиб дар рўшангардонии зулматистони таъриху тамаддун қиссаҳои ибратангез мегуфтанд ва ҳамзамон, ба сабру таҳаммул ва мағлубиятнопазирияш офаринҳо мехонданд. Маҳз дар миёни ин чордевор садҳо масъалаву муаммоҳои барои сарнавишти мо муҳим баррасӣ, муҳокима, тасдиқ, инкор, тафсир ва шарҳ дода шудаанд, баҳсҳои тезудунд ва сару садоҳои таърих садо додаанд, хеле аз касон ин ҷо сурху сапед шуда, хеле аз ҳақиқатҳо аз ниқоб берун оварда шудаанд ва басе сарчашмаҳо ин ҷо таҳқиқ, кашф ва пешорўи миллат дарича боз кардаанд. Барои Амиршоҳӣ дар ҷодаи пажўҳиш шабу рўз, вақти корӣ, саломатӣ, гуруснагӣ, беморӣ, рўзҳои истироҳат аҳамияти дуюму сеюмдараҷа доранд. Барои ў танҳо ва танҳо сарнавишти миллат ва собит шудани ҳақиқатҳои хурду бузург шодиву фараҳ мебахшад. Барои вай на танҳо қисмати талхуширини тоҷикони Тоҷикистон, балки ҷаҳон аҳамият дорад. Тавассути сарчашмаҳо гоҳ ба таърихи тоҷикони он сўи Ому ошно шавад, гоҳи дигар ба тоҷикони Чину Эрон дилбаставу вобаста аст. Имшабурўзҳо дар баробари кори қомуснигорӣ худаш пайи навиштани рисолаи бузурги «Таърихи тилоии асримиёнагии тоҷик» мебошад. Хитобае, ки қариб 30 сол боз вирди забон дорад, ин аст: «Сарвари давлатро дар ҷодаи худшиносиву таърихафрўзӣ танҳо нагузорем!» Мо соате вақти пурбаҳои ин пажўҳишгари қавииродаро гирифтему барои шумо – бинандагони нуктасанҷи ютубканали «Ҷумҳурият» барнома таҳия кардем.

Смотрите также