Ишки чавони якчашма/Киссаи Далер

Ишки чавони якчашма (Шахлои Начмиддин) Далер кунчи хона нишаста гиря мекард зор-зор. Хамин вакт модараш давида омада уро ба огуш кашида гуфт, ки писарчонам, боз ки туро ранчонид? -Очачон, ман мурдан мехохам. -Чаро ин тавр мегуйи? -Охир, мани маслуку нотавон ба ки даркорам? -Ин хел нагуй, худоро кахраш меояд. Наккооши одами худи Худованд аст охир -Модарчонам, магар ба хотири маслук тавлид шудани ман падарам туро партофта нарафт? Боз мегуйи, ки ман зиндаги бикунам. Барои киву чи зиндагиамро идома бидихам. -Писарчони ширини ман… Нисо ашки чашмонашро поккунон ба хонаи дигар гузашт. Калбаш ин дам мегирист. У зери лаб гуфт: -Худоё, маро бубахш, аммо писари маслуки ман садди зиндагии ояндаи ман шудааст. Хатто падараш аз у ру гардонидааст. Чи кор кунам? Сари сахтамро ба кучо барам? Пеши чашмонаш рузи тавлиди писараш хувайдо гардид. Баъди хомиладор шуданаш шавхараш боз њам мехрубонтар гашта дар гирдаш парвона буд .Хурсанди мекард, ки хамсараш барояш фарзанд таввалуд мекунад. Хусуру хушдоманаш низ аз хурсанди чойи нишасти худро намеёфтанд. Рузи таввалуди Далер барояш гуё дар зиндагиномааш хатти батлон кашид. Хангоме, ки дар таввалудхона тифл ба дунё омад, овозаш набаромад. Нисо каме сарашро бардошту ба момодоя нигох карда пурсид, ки бача аст ё духтар. Момодоя бо як афсусу борахми ба чехраи у нигариста гуфт, ки холо аз чой хестани ту мумкин нест, писарча таввалуд шуд. -Ура, ба шавхарам, ки дар поин мунтазир аст, расонед ин хушхабарро. У шуморо хадя медихад. Майлаш гамгинона гуфт момодоя. Хамширахои шафкат низ маънидорона ба модари тифл менигаристанд. Лахзае пас садои чирростии тифл баланд шуд. Нисо мехост, ки тифли аввалинашро ба огуш бигираду сина дињад. Аммо момодоя таъкид кард, ки холо вазъи тифл он кадар хуб несту уро ба шуъбаи дигар мебаранд. Нисо аз ин суханони у сахт харосиду аз чояш давида хест. Рафта тифли парпечро ба огуш кашида бусидани шуд. Аммо ин тифл ба тифлхои мукаррари монанд набуд. Дар пешониаш як чашм дошту як пояш набуд. Нисо аз дахшат дод зада гуфт: давомаш дар ролик #шахлоиначмиддин#кисса#германия#

Смотрите также