VIDEO
Дар остонаи даҳумин солгарди боздошти раҳбарони ҲНИТ қарор дорем ва дақиқан даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт карданд. Аз ҷумла, муовинони раиси ҳизб — Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит — ҳамчунин 11 нафари дигар аз аъзои Раёсати Олии ин ҳизб бо иттиҳоми «табаддулоти давлатӣ» дастгир шуданд. Аммо ҲНИТ ин иттиҳомро рад карда, онро беасос меномад. Ин боздоштҳо дар пайи шуриши нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, ки шаби 4-уми сентябр сурат гирифт ва рӯзи 15-уми сентябр комилан саркӯб гашт, оғоз шуд. Ҳукумат ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам медонад, вале масъулини ин ҳизб ҳар гуна ҳамкорӣ ё даст доштанро рад карданд ва баёнияе дар маҳкумияти он шуриш низ нашр намуданд. Аммо он баёнияҳо монеъи боздошти раҳбарони ҲНИТ нагашт, балки Додситони кулли Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ эълон намуд ва фаъолияташро манъ кард ва раҳбаронашро ба ҳабси абад ва солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон намуданд. Боздоштҳо ба ҳамин 13 нафар аз аъзои РО ҲНИТ хотима наёфт ва ин тоза оғози корзоре буд барои саркӯби саросарии пайравону фаъолони ин ҳизб дар дохили марзҳои Тоҷикистон ва берун аз он. Дар остонаи даҳумин солгарди боздошти раҳбарони ҲНИТ мо суҳбате оростем бо коршиноси ҳуқуқи байналмилалӣ Стив Свердлов, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ Мариюс Фоссум, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва Шуҳрати Раҳматулло ва Ҳисом Зубайдуллозода — фарзандони зиндониёни сиёсӣ. Биёед бо ҳам назари онҳоро дар бораи он чи, ки дар ин 10 сол гузашт ва ояндаи сарнавишти зиндониёни сиёсиро бишнавем.#Аздотв #Azdatv #тоҷикистон #tajikistan