МАХДУМИ АБДУЛҲАҚ АЗ ҲАБС ОЗОД ШУДААСТ

Рӯҳонии тоҷик Абдулҳақ Обидов, маъруф ба Махдуми Абдулҳақ, сархатиби собиқи масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо баъди ду моҳи боздошташ аз ҳабс озод кардаанд. Радиои Озодӣ ҳамчунин хабар дод, ки Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ду нафари дигаре, ки моҳи апрел ҳамроҳи Махдуми Абдулҳақ боздошт шуда буданд, низ озод шудаанд. Як манбаъ аз мақомоти умури дохилии шаҳри Ваҳдат рӯзи 21 июн ба Радиои Озодӣ хабарии раҳоии Абдулҳақ Обидов ва ҳамроҳонашро тасдиқ кардааст. "Махсуми Абдулҳақ дигар имомхатиби масҷид нест, вале раҳо шудааст",-- гуфтааст ин манбаъ. Абдулҳақ Обидов шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Хабари боздошти ӯро аввалин шуда, пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард. Манобеи сомонаи “Бомдод” хабар доданд, ки Махдуми Абдулҳақро дар пайи як суханронии пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир кардаанд.

Смотрите также