РУСТАМ АЗИМӢ ДАР МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ "АЗ ДОМАНИ КӮҲИ БАЛАНД"

МУБОРАКБОДӢ Рустам Азимӣ имрӯз аз муваффақтарин сарояндагони ҷавонанд, ки метавон гуфт дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон нуфузу эътибори худро доранд. Ҳарчанд мо дар як деҳа ба воя расидаем, аммо то маҳфил барпо кардан ҳамкории эҷодӣ надоштем, ин ҳам бо айби ман, ки аввалин хоҳиши Рустамро бо сабабҳои номаълуми фаромӯшшуда иҷро накардам. Вале дар баробари эълони маҳфил Рустам ваъда доданд, ки бо таронаи ҷадид меҳмонатон хоҳам шуд. Ду рӯз пеш аз маҳфил занг зада узрхоҳӣ карданд, ки бе таронаи нав меҳмони шумо мешавам. Гуфтам, ки иштироки шумо худаш барои ман ифтихор аст. Боз як рӯз пеш аз маҳфил занг зада хушхабар расониданд, ки шеъри "Ман ошиқи туям, ту ошиқи манӣ"-ро кор карда истодаем Худо хоҳад он рӯз месароям. Воқеан рӯзи маҳфил ин тарона яке аз ҷаззобтарин сурудҳо буд, ки мухлисони якумин шуда гӯш карданд. Имрӯз Рустами майдони ҳунар, додари хубу хоксор, ҳунарманди дӯстдоштанӣ зодрӯз доранд, ки аз самими дил таҳният гуфта барояшон тансиҳатӣ, комёбӣ ва шӯҳрати ҷаҳониро таманно дорам! Зодрӯз муборак, додари соҳибистеъдодам!

Смотрите также