"КУЛЛИЁТ"-И ШАМСИДДИН ШОҲИН / ГУФТОРИ 27

Шамсиддин Муҳаммад Шоҳин тахминан соли 1865—1866 дар Бухоро ба дунё омадааст ва дар ҳамон ҷо тамоми умри худро гузаронидааст. Шамсиддин Шоҳин дар Бухоро дар оилаи муллои камбағал таваллуд шудааст. Падари ӯ Муллоамон аслан аз Хатлонзамин (Кӯлоби ҳозира) будааст ва дар вақти ҷавонӣ барои таҳсили илм тарки ватан намуда, дар Самарқанд машғули илмомузӣ гашта, баъд ба Бухоро рафта, дар ҳамонҷо мадрасаро тамом кардааст. Баъд аз хатми мадраса аз Бухоро хонадор шуд ва чанд вақт дар яке аз мадрасаҳои Бухоро дарс ҳам гуфтааст. Шамсиддини Шоҳин ҳануз аз бачагӣ дар хондану навиштан қобилияти фавқулодда дошт. Чунон ки худаш дертар ҳикоят мекунад, дар ҳамин мактаб, тахминан дар ҳашт — нуҳсолагиаш ба шеър гуфтан шурӯъ намудааст. Шамсиддин Маҳдуми Шоҳин дар ҳафтсолагӣ девони Ҳофизро азёд медонист. Баъд аз хатми мактаб падари Шамсиддини Шоҳин хати хонову зебои писарашро дида, ӯро ба хидмати мирзоӣ шогирд мемонад ва Шоҳин дар ду-се сол тарзи хатнависӣ ва иншоро хуб ёд мегирад. Шоҳин, ғайр аз он ки вазифаи мирзоиро адо мекард, шеърҳо менавишт ва бо хоҳиши парвоначӣ дар мадҳи амир Абдулаҳад баъзе қасидаҳо низ мегуфт. Парвоначӣ ба ин восита мехост, ки Шоҳин дар пеши амир эътибор пайдо кунад ва таъмини маишаташ боз ҳам беҳтар гардад. Дар айни замон Шоҳин дар дарбор ва ҳатто ғоибона дар назди амир обрую эътибор пайдо кард. Шахсони камсавод ва ҷоҳил, ки дар дарбор бисёр буданд, ба эътибору нуфуз пайдо кардани Шоҳин ҳасад мебурданд ва мехостанд, ки коре кунанду ӯро ба амир наздик шудан намонанд. Дар ин миён парвоначӣ аз тарафи амир ҳокими Шеробод таъйин гардид ва аз Бухоро рафт. Душманони Шоҳин ӯро танҳо дида, дар атрофи вай фитнаву суханчиниро сар карданд. Шоҳин дар ҳамин вақт бо хуби дид, ки доираи дарбори амир то чӣ андоза разолатпарвар аст ва дар атрофи амир чӣ гуна касони ҷоҳил ва пурғараз ҷамъ омада, ба мансабу рутбаҳои давлатӣ расидаанд. Парвоначӣ — Абдулқодир, ки Шоҳинро мисли фарзанд дӯст дошта буд, ба вай духтарашро никоҳ карда медиҳад, то мардум ба ҳокими Шеробод домод будани Шоҳинро фаҳмида, аз вай дасти душманиву адоват кашанд. Дар воқеъ ҳам ин никоҳ Шоҳинро то андозае аз ҳуҷуми рақибонаш эмин дошт. Аз тарафи дигар, амир Абдулаҳад, ки худро хеле шеърфаҳму шеърдӯст нишон медод, Шоҳинро ба суҳбатҳои худ даъват мекардагӣ шуд. Амир Шоҳинро вақту бевақт ба маҷлису базмҳояш даъват мекард ва ба хоҳишу табъи шоир нигоҳ накарда, ӯро ба сафарҳо гирифта мебурд. Шоҳин чунон бо ин даводавҳо банд буд, ки ҳатто ба оилаи худ нигоҳубинӣ карда наметавонист. Дар ин байн зани ҷавони ӯ фарзанд таваллуд карду ҳафтае нагузашта мурд. Вафоти ногаҳонии занаш барои Шоҳин фоҷиаи калон буд. Ин воқеаи мудҳиш чашми Шоҳинро ба аслу моҳияти бисёр воқеаҳо кушод. Вай фаҳмид, ки на танҳо атрофиёни амир, балки худи амир низ каси ҷоҳилу золим, дар кори идораи давлату мамлакат ношуду бетадбир аст. Шоҳин хост, ки мисли шоирони пештара, ки аз наздикии худ ба ҳукмронҳои замон истифода бурда, ба онҳо аз тадбири мулкдорию ҳукмфармоӣ китобу рисолаҳо менавиштанд, барои амир асаре таълиф намояд ва дар он роҳу равиши бо адолат ҳукумфармоӣ карданро нишон диҳад. Бо ин мақсад ӯ «Туҳфаи дӯстон» ном асари манзум таълиф намуд. Шоҳин дар ин маснавӣ хост, ки ба амир ба воситаи панду насиҳат тариуи адлу инсоф ва роҳҳои беҳтарини ҳукуматдориро нишон диҳад, аммо ин ҷасорати як нафар шоири ҷавон, ки ба амир панд омӯхтанӣ шуда буд, ба ҳукмрони замон маъқул наафтод. Амир Абдулаҳад дар ғазаб шуда, аз Шоҳин интиқом гирифтанӣ шуд. Амир Шоҳинро маҷбур мекард, ки дар ҳаққи ӯ мадҳияву қасидаҳо нависад, шеърҳои аз одоб берун иншо намояд, барои хандаву дилхушии амир суханҳои пасту бемағзро ба шеър дарорад. Илова бар ин, вай шоирро ҳамеша дар рикоби худ нигоҳ медошт, ба сафарҳои дуродур мебурд ва ӯро асбоби дилхушии худ гардонда буд. Ин дар ҳаққи Шоҳин таҳқири бузург буд ва амир инро интиқоми сахтарин ҳисоб мекард. Аз ҳамин вақт сар карда, (яъне солҳои аввали навадум) дар шеърҳои Шоҳин оҳангҳои шикояту шикваҳои талх аз ҳаёти худ, тануиду мазаммати иллату нуқсонҳои давр ва аҳли он садо медихад. Шоҳин дар ин вақт бо «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш шинос шуд ва тамоми иллатҳои ҷамъияти он вақтро боз ҳам…

Смотрите также