🎵 Хуш намеояд маро суруди нав 2025 💔 Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.

Yovon Sinamo Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро, Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро. Гӯиям: Рав з-ин дару султони вақти хеш бош, Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро. Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам, Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро. Гуфтамаш: Дар оби ораз акси ҷон бо мо намой, Гуфт: Ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд маро. Аз лаби лаълат напарҳезам ба даврони ду чашм, Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро. Мункири зӯҳдам, ба рӯят то назарбоз омадам, Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро. Сӯфиён гӯянд: Чун мо хезу дар рақс о, Камол, Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро. Камоли Хуҷанди

Смотрите также