Чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ

29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо санаи муҳими таърихии 30-юмин солгарди истиқлоли ватан табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи идомаи иқдомҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ сулҳу оромӣ, тандурустиву хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар шаҳвандони кишвар ҷашни истиқлолиятро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то имрӯз 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба хотири рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Смотрите также