VIDEO
Замоне шаҳраки Шӯроб обод буд! Об дошт. Ҳоло мардум обро мехаранд ва зиндагии мушкил доранд. Чаро то ҳол мардум дар ин шаҳрак зиндагӣ мекунанд? Чӣ онҳоро дар ин макон нигаҳ медорад? Доир ба ин мардум ва муаммоҳои он соли 2019 филми "Шӯроб" сабт гардид ва пас сабту расонаӣ шудани ин филми мустанад Сарвазири Ҷумҳарии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд. Баҳоваддин Баҳодурзода низ пас аз таъин шудан дар вазифаи Раиси шаҳри Исфара нахуст доир ба мушкилии оби шаҳраки Шӯроб ҷаласа густурд ва дар он таъкид гардид, ки моҳҳои наздик мушкилиҳои пойгоҳҳои обкашии шаҳрак ва муаммои оби он ба куллӣ ҳал мешавад. Интизор мешавем!