ТИРАМОҲИ ВАЗНИНИ СОЛИ 1992: СОЛГАРДИ ҲАМЛАИ САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ БА ДУШАНБЕ

24 октябри соли 1992 нирӯҳои Фронти халқӣ вориди Душанбе шуда, биноҳои Дастгоҳи президент, Шӯрои олӣ, радио ва телевизионро ғасб ва Сафаралӣ Кенҷаевро президент эълон карданд. Кенҷаев бо ин ҳамла мехост таносуби нирӯҳоро ба тарафи худ гардонад ва раҳбарии кишварро худаш ба даст бигирад, вале муваффақ нашуд. Сафаралӣ Кенҷаев дар хотираҳояш навиштааст, ки масъалаи ҳамла ба Душанбе ҳанӯз рӯзи 12 октябр дар шаҳри Турсунзода дар ҳузури генерали баландпояи артиши Русия Валерий Воробйев маслиҳат шуда буд. Баъди ноком шудани ҳамла Кенҷаев ба дивизияи 201-ум паноҳ бурд. Акбаршо Искандаров дар як мусоҳибааш гуфт, ки ӯ дар ҳудуди дивизия дар ҳуҷраи кории генерал Воробйев бо Кенҷаев музокирот кард ва Кенҷаев вақти шикаст хӯрдани ҳамларо фаҳмид, бо қаҳр ба Воробйев гуфт: "Канӣ танкҳову БТРҳои ваъдагиат? Охир тавофуқи мо дигар хел буд!”

Смотрите также