VIDEO
Дирӯз дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Тоҷикобод, ба таври ғайриинтизор, шоҳиди ҳодисаи нодиртарини табиӣ - кӯчидани пиряхи бузург гаштем. Ин анбори азими яху санг ҳудуди соати 11 ҳаракат карда, соатҳои 14 ором гирифт. Манзарае, ки ба ҳеҷ тасвиру тасаввур намегунҷад... Мутаассифона, гармиҳои тӯлонии имсол рӯйи табиат ба ҳадде таъсир гузоштаанд, ки ин лозури чанҳазорсола ҳатто дар охири моҳи октябр аз ҷой канда шуда, аз қуллаи баланди беш аз 3000 метр ба поёни дараи Сафедоб сарозер гаштааст. Бар хилофи эҳтиёту тавсияҳои дурусти дӯстон, банда бо исрору якравӣ то даруни худи пиряхи лагжида рафтам. Сипас фаҳмидем, ки ин коре бисёр хатарнок будааст, аммо хушбахтона, бо лутфи Худованд ва кумаки дӯстон, ин таҷриба ба хубӣ анҷомид. Вале барои банда таҷрибае бисёр нодир шуд. Бори аввал ба матни пирях ворид шуда, онро бо чашми худ дидаму таркибу моҳияту шукӯҳу азамати онро эҳсос кардам. Бояд гуфт, ки ин ҳодиса аз лағзиши ҳамасолаи тармаҳо бисёр фарқ дошта, ин ҷо на тарма, балки худи пиряхи қадим бо таркиби яхбаста ва бо ҳаҷми бисёр бузург кӯчд, ки бараш то 200-300 метр, баландияш гоҳо то 50 метр ва дарозии он тахминан аз 7,5 км ро ташкил мекунад. Ба мушоҳидаву ҳисоби банда, роҳи умумии лағзиши он шояд то 20 км шуда бошад. Гарчӣ навор ғайрикасбист, аммо шояд ин гузориши пурҳаяҷон аз худи олами пирях барои дӯстон ҷолиб бошад. Абдуллоҳи Раҳнамо