VIDEO
Мақомоти интизомӣ дар маркази вилояти Суғд шеваҳои муқобила бо тазоҳурот ё бетартибиҳои оммавиро тамрин кардаанд. Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, ки тамрин рӯзи 21-уми январ дар қисми низомии 3501, дар шаҳри Хуҷанд, гузашт. Дар он тамрин як гурӯҳи шартии аҳолӣ бо сабаби набудани барқ гирдиҳамоӣ карда, маъмурони милиса иддаеро дастгир ва боқимондаро бо гази ашковару мошинҳои обпош пароканда намудаанд. Машқи шеваҳои муқобила бо эътирози эҳтимолӣ як ҳафта идома карда, ба иттилои расмӣ, ҳадафаш "таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳаёти сокинон, ҳифзи моликияти ҷамъиятиву давлатӣ ҳангоми таҷаммӯи эътирозгарон" будааст.