Чӣ гуна чипси тоҷикӣ ва "семечки" истеҳсол мекунанд

Чанд гектар масоҳати истеҳсолӣ, ҳазорҳо тонна маҳсулот, қариб 400 коргар - ин ҳама дар бораи ширкати Sardor аст, ки бузургтарин коргоҳи истеҳсоли хӯришҳо ё худ снэк дар кишвар ба шумор меравад. Замоне он як сехи хурди истеҳсоли ғулачаҳои ҷуворимакка буду ҳамагӣ 9 коргар дошт. Бо гузашти 10 сол, соли 2020 ба чунин коргоҳи бузург табдил ёфт, ки 105 намуди маҳсулот истеҳсол мекунад, ва он ҳам бошад зери 6 бренди шинохта – донаҳои офтобпарасти “Ҳавас”, чипсҳои Chaps, нонҳои хушки KOK, сақичи SimBom, ҳалво, чӯбчаву ҳалқачаҳои ҷуворимаккаи “Симба”. Ҳамаи ҷузъиёти истеҳсолиро дар нашри нави лоиҳаи Made in Tajikistan бубинед! Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт:
Facebook:   / asiaplustj   Instagram:   / asiaplustj   #MadeinTajikistan #таджикистан #asiaplus

Смотрите также