Корманди милитсия навраси 17 соларо аз марг наҷот дод

#vkd#вкд#милиса#ахбор# Дар шаҳри Хуҷанд ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ аз ҷониби корманди милитсия пешгирӣ карда шуд. Санаи 5-уми октябр тахминан соати 18;20 дақиқа ноболиғдухтари 17 сола сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани худ, аз болои купруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд худро ба дарёи Сир партофтааст. Аз ҳолати мазкур ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд майори милитсия Муҳаммадҷонзода Акбар Насрулло, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт воқиф гашта, бо нишон додани ҷасорат навраси қасди худкушӣ доштаро наҷот медиҳад. Амали сари вақтии майори милитсия Акбар Муҳаммадҷонзода боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломатӣ ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад. Ҳодисаи мазкур собитгари он аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамагуна ҳолат новобаста аз он, ки ба ҷони худашон хатар таҳдид мекунад баҳри ҳимояи ҳаёту саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон омодаанд. Ёдрас менамоем, ки дар ШВКД шаҳри Хуҷанд бори аввал нест, ки аз тарафи кормандони милитсия шаҳрвандони қасд ба ҷони худ дошта наҷот дода мешаванд. Ҷасорати Акбар Муҳаммадҷонзода дар байни ҳайати шахсӣ муаррифӣ ва роҳбарияти Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд аз корнамоии ӯ, ки ҳаёти як нафарро ҳифз карда тавонист ситоиш карданд. Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки номбурда корманди боинтизом, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулиятшинос ва дар байни ҳамкасбон соҳибобрӯ буда, корнамоии навбатиаш иззату эҳтироми ӯро дучанд намуд. Фаъолияти ҳамингуна ҷавонони руҳану ҷисман обутобёфта, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқанд дар сафи макомоти милитсия хело муҳим буда, ифтихори мақомот мебошанд. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд. ************************************************************************** Милитсия хабар медиҳад. Ин барномаест, ки аз ҷониби дафтари матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд омода шуда, дар ду ҳафта як маротиба тарики эфири телевизионҳо пахш мешавад. ▶Подписаться на канал:    / ПайкиСугд​   ▶Подпишитесь в ФБ:   / %d0%9f%d0%b0...​   ▶Подпишитесь в Instagram:   / ...​   На этом канале криминальная новости, притупленные, юмористические ролики, смешные скетчи, сюжеты, истории, благотворительный ролик, кухня- самое интересное из Таджикистана! Пайки Сугд - медиа нового Таджикистана! Заходите в гости на канал, смотрите, комментируйте, подписывайтесь, ставтье лайки это мотивирует на съёмку новых видео. Благодарю за поддержку!

Смотрите также