Лоик Шерали "Газалиёт " *** таджикский поэт. Оригинал.

Лоик Шерали. Газалиёт *** Ду рахсозему рахпаймо – ману дарё, ману дарё, Ду хамрохему ду танхо – ману дарё, ману дарё. Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кухи, Ба поинхо аз он боло – ману дарё, ману дарё. Ман аз вай шур мегирам, вай аз ман шеър мегирад, Ду пуршурему пургавго – ману дарё, ману дарё. Дили у масти туфонхо, дили ман масти тугёнхо, Ду сармастему пурсавдо – ману дарё, ману дарё. Газал мехонад у, ман хам, фигон месозад у, ман хам, Ду шоир, ду дили шайдо – ману дарё, ману дарё. На парвои маломатхо, на парвои сиёсатхо Ду девона, ду бепарво – ману дарё, ману дарё. Ба ёди ёр менолем – ёри орзухомон, Ду мачнунем дар сахро – ману дарё, ману дарё. Гахе дар худ намегунчем, мечушему мешурем Ба касди сохилу мачро – ману дарё, ману дарё. На боки садди рах дорему на бок аз халалгорон; Ду чуёи рахи фардо – ману дарё, ману дарё. Ба чандин ранчу тобу таб суруди зиндаги дар лаб Давонем аз пайи дунё ману дарё, ману дарё... [1986] #поэзия #стихи #poem #art #поэт #poems #poems_about_love_for_her #поэзиямира #поэтично #таджикистан #точикистон #таджикский #tajikistan

Смотрите также