ВИДЕОИ МАРОСИМИ ДАФНИ ОВОЗХОНИ ТАРОНАҲОИ ОРИФОНА МУҲАММАДСАИДИ САИД

Овозхони маъруфи тароназои орифона, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадсаиди Аҳмад рӯзи 14 июн дар зодгоҳаш, деҳаи Гулхании Ҳисор ба хок супурда шуд. Хабарнигори тоҷик Сӯҳроби Зиё бо нашри чанд видео аз маросими видоъ ва дафни ҳунарманд аз деҳаи Гулханӣ хабар дод, ки дар ин маросим садҳо нафар аз водии Ҳисор ва саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла аҳли ҳунару фарҳанг иштирок карданд. Муҳаммадсаиди Аҳмад субҳи 14 июн дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Ҳаркӣ аз модар таваллуд шуд, ризқи мавт шуд, Ҳаркиро аз ҳаркӣ пурсидем, гуфтанд, фавт шуд. Чаро ғам мехӯрӣ аз баҳри мурдан? Магар онҳо ки ғам хӯрданд, намурданд? Ин байтҳоро дар маросими дафни Муҳаммадсаиди Аҳмад қироат карданд. Муҳаммадсаиди Аҳмад асосан таронаҳои мазҳабӣ месароид. Ӯ аз худ садҳо таронаи орифона ба ҷо гузошт, ки дар дили мухлисонаш боқӣ хоҳанд монд.

Смотрите также