Ду ҷавон аз маъюб будани ноболиғ истифода карда даст ба номуси ӯ заданд

Ду ҷавонписари шаҳри Хуҷанд нисбати як ноболиғ амалҳои ваҳшиёнаро анҷом додаанд. Ҳодиса оғози моҳи июли соли ҷорӣ дар яке аз бинои истиқоматии кучаи Гагарин рух дод. Ҷавонон аз маюб ва сустақл будани духтараки ноболиғ истифода карда даст ба номуси ӯ заданд. Ҳодисаи мазкур аз ҷониби РВКД дар вилояти Суғд ошкор шуда ҷинояткорон дастгир гардиданд.

Смотрите также