БЛОГЕРИ ТОҶИК УСМОНРО БАРОИ ЯК ВИДЕО 11 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС КАРДААНД

Блогери шинохтаи тоҷик Усмон (Усмонҷон Мирзомуродов), муассис ва масъули канали пуртамошобини “Тojikonshow”, дар як видео дар посух ба ин суолҳо, ки чаро вақтҳои охир кам видео нашр мекунад, гуфт, ки ахиран барои як видеояш ӯро 11 шабонарӯз ҳабс кардаанд. Усмон бо ҳамон лаҳни пур аз зарофатҳои намакинаш дар ин видео мегӯяд: “Вақтҳои охир мардум, вақте маро мебинанд, бародарвор ба оғӯшам мегиранд ва сипас ҳамааш як саволам медиҳанд: А бача, чӣ кардӣ, видео кам бароварда истодаӣ? Ман ранги ҳарвақта як ҷавоб дорам. Мегӯям, дар отпускам. Рӯямро сиёҳ мекунам, чӣ хелӣ отпуск? Сабаби видео кам бароварданам ин аст, ки ҳақиқат талх аст, ҳақиқатро инҳо зиёд намепазиранд. Видеоҳои ман ҳамин қадар дарди сари зиёдам овард, ки худам медонаму Худои тори сарам. Як задневедушийро ба тавраш насиҳат кардам. Гуфтам, ки дар пеши бобои Сомонии мо ин хел кун ҷунбонда, рақс накун. Ун муқаддасоти миллии мост, ун рамзи миллати бузурги мост! Ба ҷои онки ӯро баранд, маро бурда, 11 сутка маҳкам карданд. Хит кун!"

Смотрите также