Дарси 4. Асосҳо барои маҳдудкунии ҳуқуқ

Дарси навбатии ҳуқуқи инсон аз мутахассиси варзидаи соҳаи ҳуқуқ, роҳбари ширкати ҳуқуқии "Мушовир" - Собиров Суҳроб дар мавзӯи асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқи инсон. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо қонунгузорӣ таҳким бахшидани ҳудудҳои заруррии амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар одамон ва муътадил фаъолият кардани ҷомеа ва давлат аст. Мақсадҳои маҳдудсозӣ: 1. Барои эҳтироми ҳуқуқҳо ва нуфузи дигар одамон 2. Барои муҳофизати амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ. Маҳдудкунӣ бо принсипи инсондӯстӣ ба роҳ монда шуда набояд шаъну эътибори инсониро паст занад. Асосҳо барои маҳдудкуниро ба ду муттаҳид менамоянд: 1. Асосҳои умумӣ 2. Ҳангоми вазъияти фавқулода Видеокурси пурра дастрас аст дар donish.org:

Смотрите также