VIDEO
Муҳаррам Очилова пас аз он, ки соҳиби хонаи наву замонавӣ шуд, хурсандияш ҳаду канор надорад. Акнун ӯ худро фақиро нодор ва бечораву мазлум намеҳисобад, чунки дигар касе ба сараш зӯрӣ намекунад, ҳавливу дарамонро тарк кун гуён аз дар берун намекунад. Муҳаррам Очилова худро хушбахтарин зан меҳисобад, ки дастгирии сомонаи Оила ва бо кумаки Исмоилҷони Муҳаммадзоҳир, яке аз соҳибкорони муваффаки кишвар ин хонаи зебову замонавӣ насибаш гашт. Гарчанд ин зани ҷафокашида чандин сол боз дар як фермаи чорводорӣ дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебурд, дигар азобҳои сангин азобаш намедиҳад. Бо шавҳараш бо фарзандонаш якҷо сарҷамъона сари як дастурхони пурнозу неъмат нишаста, аз ин он суҳбат мекунанду ғами дилашонро холӣ мекунанд. Шавҳари Очилова ошпази моҳир аст, ба муносибати ба хонаи нав кӯчиданашон барои дӯстону наздиконаш оши палови хеле болаззат омода намудааст. Тавре, ки худи ӯ мегӯяд: Ҳеҷ боварам намеояд, ки соҳиби хона шуда бошем. Дар ҳаяҷонам ва имрӯз оши палов омода намудам, ки дӯстонамро ба хона таклиф намоям! Хонаи наву замонавии ӯ аз се ҳуҷра, долон ва ошхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шудааст. Бо маблағи фиристодаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Муҳаррам Очилова яхдон, обгармкунак, рахти хоб, ҷевон ва телевизору қолиндҳои замонавӣ харида, хонаашро ҳусни зебоӣ бахшидааст. Ирода Осимова, духтари Муҳррам очилова низ дар хонаи худ зиндагии орому осишта ба сар мебарад. Ӯ ҳарсубҳ ба писарчаи 7 солааш лисбосҳои тозаву озода пӯшонда ба саҳни мактаб гусел мекунад. Бо ӯ як ҷоя дарс тайёр мекунаду ба писарчааш аз баркардани шеъру навиштанро ёд медиҳад. Кӯшиш мекунад, ки ояндаи писарчаашро нек ва дурахшон бубинад. Муҳаррам Очилова баъди соҳиби хонаву дар гаштан, барои дасти афтодаеро гирифтан, замини 6 содиқаи худро ба дасти Ҳукумат супорид, то ба муҳтоҷу бенавои бехонае хайр намоянд. Мо ба Муҳаррам Очилова ва духтараш Ирода Осимова орзуи зиндагии шоду хуроамона ва рузгори орому осоиштаро таманно дорем. Дил ба даст овард, ки хаччи акбар аст. Аз хазорон каъба як дил беҳтар аст.