Дилноза Каримова Диёрбек Аминчонов

Имрӯзҳо Дилноза Каримова дар саҳнаи ҳунар нест. Эҷод ҳам карда наметавонад. Зеро ҷигарбанди шашсолаи ӯ Диёрбек Аминҷонов гирифтори бемории саратон шудааст… Бале, мухлисони азизи Дилноза Каримова. Ба ин бовар кардан душвор, аммо ин ҳақиқат аст. Диёрбек Аминҷонов моҳи октябри соли ҷорӣ дар беморхона бистарӣ мегардад. Пас аз ташхисҳои тӯлонии табибони беморхонаи Анкологии шаҳри Бишкек ва мутахассисони ҳинд маълум гардид, ки ӯ ба бемории саратони лимфомаи зинаи чорум (Неходжкинский лимфома с поражением всех групп лимфаузлов С Т3 NO MO Gx, cт3, 2 кл.гр.) гирифтор шудааст. Диёрбек Аминҷонов ду марҳилаи табобатии саратониро аз сар гузаронид ва алҳол пизишкон дар марҳилаи сеюм ӯро ба ҷарроҳӣ омода мекунанд. Саломативу бахти фарзанд барои волидайн арзишмантарин неъмат аст. Барои модар ҳатто як тори мӯйи фарзанд азиз буда намехоҳад фарзандаш бемор бошад. Аммо ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чи рӯзе ба сараш меояд. Тақдири Диёрбеки хурдсол ба илҳому эҷоди модараш - таъсири сахт расонид. Дар беморхона, акнун Дилноза Каримова дар гӯшаи танҳоӣ суруди умед, мубориза ва талоши зистанро ба гӯши фарзандаш замзама мекунад. Дар ин гардиши тақдир мо мухлисонаш ба Дилноза Каримова аз даргоҳи Худованд сабр, қувват ва шифои фарзандашро талабгор ҳастем. Бовар дорем, ки ӯ бо фарзандаш дар ин рӯҳои вазинин танҳо намемонад. Ба номи Диёрбек Аминҷонов дар ҶСК “Бонки Эсхата”суратҳисоб боз шудааст ; Барои асъори сомонӣ; (20216972501000033216) Барои асъорӣ доллари амрикоӣ ; ( 20218840301000009127) Дар бонки Сбербанки кишвари Руссия : Барои асъори рубли русӣ; (4276380155031193) Ҳаргиз ноумед нашавед хиҳари азиз. Мо мухлисонатон ҳамеша бо шумоем! Телефон барои тамос: 928045550

Смотрите также